Май 23, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хӯҷанд

Маҳдудиятҳои воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хӯҷанд иҷро шуд.

Мақомоти минтақавӣ гузориш доданд, ки маҳдудиятҳои воситаҳои нақлиёт муваққат аст ва ҳамлу нақли умумӣ ба зудӣ бо тамоми зарфият кори худро оғоз мекунад.

Дар Хӯҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, ҳудуди 100 автобус, барои сокинон хизмат мерасонд, вале як ҳафта ба ин тараф ҳаракати ин автобусҳо қатъ шудааст.

Фарҳод Шарипов, директори Корхонаи давлатии комуналии “Нақлиёти шаҳри Хуҷанд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, манъи ҳаракати автобусҳо дар маркази вилоят ва шаҳру навоҳии атрофи он муваққатӣ аст.

 Ӯ гуфт, дар ҳоли коҳиш ёфтани маризии коронавирус, ҳаракати автобусҳо аз нав ба роҳ монда мешавад.

 

Назарҳо