Май 24, 2020 21:30 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли Далер Шарипов аз боздоштгоҳ ба зиндони ноҳияи Ёвон

Мақомоти созмони зиндонҳои Тоҷикистон Далер Шарипов, хабарнигори ба як соли зиндон маҳкумшударо барои гузарондани давраи маҳкумият, аз боздоштгоҳи шумораи № 1 шаҳри Душанбе ба зиндони ноҳияи Ёвон мунтақил кардаанд.

Ба нақл аз Top Tj, Абдулманнон Шарипов, падари хабарнигор гуфтааст, ки мақомоти зиндони ноҳияи Ёвон, интиқоли писараш ба ин зиндонро барои гузарондани давраи маҳкумияти яксола тасдиқ кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, рӯзи 17 апрел Далер Шарипов, рӯзноманигори ҷавон ва шинохташудаи ин кишварро ба иттиҳоми барангехтани душмании миллӣ ва нажодиву мазҳабӣ ба 1 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти додситонӣ иддао доранд, ки Далер Шарипови 32-сола, дар солҳои 2013 то 2019, ҳудуди 113 матлаб бо мӯҳтавои ифротгароиро, ки мӯҷиби барангехтани душмании миллӣ ва нажодиву мазҳабӣ мешавад, мунташир кардааст.

 

 

 

Барчасп

Назарҳо