Май 25, 2020 13:16 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи содироти барқ

Мақомоти Бишкек ва Душанбе дар заминаи содироти барқ бо ҳам тавофуқ мекунанд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷикТа  Айтмамат Назаров раиси ширкати энергетикаи миллии Қирғизитон гуфт: дар мавриди хариди барқ бо Туркманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳоли музокира ҳастем.

Пеш аз ин яке аз намояндагони ширкати энергетикаи Қирғизистон гуфта буд, ки имсол Қирғизистон қасд дорад, то як миллиард киловатт соат барқ ворид кунад.

Соли 2019 мелодӣ дар ин кишвар беш аз 20,6 миллиард киловатт соат барқ тавлид шуд.

Ҳамчунин Тоҷикистон соли гузашта аз содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон ҳудуди як миллион доллар даромад касб кардааст.

Назарҳо