Май 25, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик

Донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик Ҷурабек Назрӣ даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ахбори Осиёи Марказӣ, Ҷурабек Назрӣ мудири идораи мероси хаттии фарҳангистони улуми миллии Тоҷикистон дар синни 74 солагӣ дар бемористон Истиқлоли шаҳри Душанбе даргузашт.

 Вай 45 сол мудири мероси хатти форсӣ дар пажуҳишгоҳи шарқшиносии вобаста ба фарҳангистони улуми миллии Тоҷикистон буд.

Назрӣ поённомаи мақтаи доктории худро бо мавзӯи "Мактаби Шерозӣ ва достони Лайлӣ ва Маҷнун" дар соли 1974 дифоъ кард.

Осоре аз вай ба ановини "Номанигорӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ" ва "Лайлӣ ва Маҷнуни мактаби шерозӣ" дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мунташир шудааст.

Гуфта мешавад, ки теъдоде аз аъзои хонаводаи вай дар бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе бистарӣ ҳастанд.

Мақомот иллати фавти ин донишманди тоҷикро эълон накарданд, вале ба гуфтаи манобеи мустақили хабарӣ ӯ эхтимолан бар асари мубтало шудан ба коронавирус фавт кардааст.

Назарҳо