Май 25, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Дидори  вазири тандурустии Тоҷикистон бо пизишкони чинӣ дар Душанбе

Вазири тандурустии Тоҷикистон бо ҳайате аз пизишкони чинӣ, ки барои кӯмак ба ҳамтоёни тоҷикашон дар амри мубориза бо вируси корона ба ин кишвар омадаанд, дидору гуфтгӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин дидор, Ҷамолиддин Абдуллозода аз кӯмакҳои  давлати Чин ба Тоҷикистон барои мубориза бо вируси корона қадрдонӣ ва ташаккур кард.

Вай таъкид кардааст, ки истифода аз таҷрибаҳои пизишкони чинӣ дар дармони беморони мубтало ба вируси корона барои кодри дармонии Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад.

14 нафар аз пизишкони чинӣ, ки  аксаран  муттахассисони вирусшинос мебошанд, аз остони Санси ин кишвар ба даъвати Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва Раиси маҷлиси милии Тоҷикистон барои кӯмак ба пизишкони тоҷик бо парвози чартерӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.

Гуфта мешавал, ки Чин то ба имрӯз кӯмакҳои мухталифи доруӣ, либосҳои ҳифозатии пизишкӣ ва дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ ба арзиши 700 ҳазор доллар барои мубориза бо вируси корона дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода аст.  

Барчасп

Назарҳо