Май 31, 2020 21:38 Asia/Dushanbe
  • Сохти бемористонҳои ҷадид дар тамомии марокизи вилоёт ва навоҳии Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистогн дастури сохти бемористонҳои ҷадид ва вижаи маризиҳои сироятӣ дар тамомии вилоёт ва навоҳии кишвар то аввали моҳи сентябри соли 2021-ро содир кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин дастур, фаъолони бахши хусусии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди истиқлоли ин кишвар, дар тамомии марокизи вилоёт ва навоҳӣ, бемористонҳои ҷадиди вижаи маризиҳои сироятӣ бисозанд.

Ҳамчунин ситоди мубориза бо бемории коронавирус дар Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ, аз натоиҷи фаъолиятҳои анҷомшуда ба раисҷумҳури ин кишвар гузориш ироа кунад.

 

Барчасп

Назарҳо