Июн 01, 2020 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи  25 мусофири парвози  Душанбе-Маскав ба далели надоштани шиносномаи русӣ

25 мусофири парвози чартерии Душанбе ба Маскав дар фурудгоҳи Шереметево ба далели надоштани шиносномаи хориҷии русӣ пас аз пардохти маблағи ду ҳазор рубл ҷарима мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ахиран 206 шаҳрванди Русияро як ҳавопаймои “Уральские авиалинии” аз Душанбе ба Маскав мунтақил кард  дар ҳоле, ки ҳар як аз онон барои ин сафар ба нархи 400 евра чипта таҳия карда буданд.

Бар асоси ин гузориш, 25 нафар аз тоҷикҳои ин парвоз, ки дорандаи шаҳрвандии Русия  буда ва ҳануз муваффақ ба дарёфти шиносномаи хориҷии ин кишвар нашудаанд, ба далели парвоз бо шиносномаҳои хориҷии тоҷикӣ дар Маскав ба пардохти ҷаримаи молӣ  маҳкум шудаанд.

Ин мусофирон мепурсанд  агар парвоз  ба Русия  танҳо  бо доштани шиносномаи хориҷии ин кишвар муҷоз аст ба чи далел дар Душанбе ба онон бар асоси гузарномаҳои хориҷии тоҷикистонӣ бо ҳазинаи гарон чипта фурухтаанд.

Бо ин  ҳол  ба  гуфтаи  коршиносон  созишномаи  душаҳрвандие, ки миёни Русия ва Тоҷикистон  вуҷуд  дорад дар  амал  фаол нест ва мушкилоти зиёдеро  барои ин афрод  ба  бор овардааст.

 

Назарҳо