Июн 01, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • 123 мавриди нави КОВИД-19  дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: То асри якшанбе 31 май 123 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Ба гузориши радиои  тоҷикии  Садои  Хуросон  ба нақл  аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон,  бо  дар  назар гирифтани мавориди  нав то асри рӯзи якшанбе 31 май теъдоди кулли мубталоён ба КОВИД-19  дар Тоҷикистон ба се ҳазору 930 нафар расид.

Дар шабонарӯзи якшанбе омори фавтидагон бар асари корона бидуни тағйир ҳамон 47 нафар эълом  шуда, ки ин рақам чаҳор  рӯзи пайиҳам бидуни  афзоиш боқӣ  мондааст.

Ҳамчунин ду ҳазору чаҳор нафар аз беморон шифо ёфта аз бемористонҳои Тоҷикистон  мураххас шудаанд ва як ҳазору 886 нафар  ҳамчунон  дар  марокизи  дармонӣ бистарӣ  ҳастанд.

Фаолони  шабакаҳои  иҷтимоӣ  ҳамарӯза  номи  афроди фавтида  бар асари вируси корона  ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистонро  дар интернет мунташир мекунанд, ки то субҳи рӯзи аввали июни соли 2020  ба  300 нафар расидааст.

 

Барчасп

Назарҳо