Июн 02, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
  • Ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими Рӯзи Ваҳдати миллӣ ширкат мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои  Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, ин маросим 27 июн дар минтақаи Суғд баргузор мешавад.

Раҳмон ҳамчунин дар сафари худ  ҳудуди 30 тарҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз ҷумла варзишгоҳи 10  ҳазорнафарии минтақаро ифтитоҳ мекунад, барои сохти ин варзишгоҳ 11 миллион сомонӣ ҳазина шудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо корофаринони минтақа дидор ва аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ҳам боздид хоҳад кард.

27 июни 1997 дар Маскав санади "Тавофуқи умумӣ дар бораи сулҳи Тоҷикистон"  байни давлати Тоҷикистон ва мухолифони муттаҳиди ин кишвар имзо шуд аз он замон 27 июн дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ номгузорӣ шудааст.

 

Назарҳо