Июн 02, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Мутафаккири тоҷик: Имом Хумайнӣ (р.а) парчамдори адолатхоҳӣ аст

Мутафаккири тоҷик, Имом Хумайнӣ (р.а)-ро муаллими мактаби озодагӣ ва парчамдори адолатхоҳӣ дар саросари ҷаҳон хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории форс, Ҳайдаршоҳ Акбаров намояндаи собиқ маҷлиси Тоҷикистон ҳазрат Имом Хумайнӣ (р.а)-ро намунаи як инсони комил, вораста, бошаҳомат, одил ва ориф хонд.

Вай афзуд : "Яке аз вижагиҳои мунҳасир ба фарди Имом Хумайнӣ (р.а) руҳияи истикборситезӣ ва ҳимоят аз мустазъафон, на танҳо дар Эрон ва ҷаҳони ислом, балки дар кулли дунё буд".

Акбаров идома дод: барои Имом Хумайнӣ  (р.а), ҳукумат фурсат ва василаи шаклгирии адолат буд, зеро адолат дар сурате иҷро мегардад, ки қудрат ба дасти афроди солеҳ бирасад.

Ҳайдаршоҳ Акбаров гуфт: ба далели побарҷо будани мактаби истикборситезии Имоми роҳил аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар маърази таҳдидҳои мустакбирони ҷаҳон қарор дорад .

Ба гуфтаи ин соҳибназар масоили фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, мактаби Имом Хумайнӣ (р.а) мактабе аст, ки ҳазорон шогирди тавонманд ва шоистаро ба ҷомеаи Эрон ва ислом арза кардааст.

 

Назарҳо