Июн 03, 2020 00:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори коршиноси тоҷик дар бораи иҷрои тавсияҳои  сандуқи байналмилалии пул

Коршиноси иқтисодии тоҷик гуфт тоҷикистон бояд сиёсати молии мустақилиро дар дастури кор қарор диҳад ва аз вобастагӣ ба сандуқи байналмиллалии раҳоӣ ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ҳоҷи Муҳаммад Умаров корманди пажуҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти  вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо ишора ба боло будани мизони суди бозпардохти вомҳои бонкӣ дар ин кишвар гуфтааст: сиёсати сандуқи байналмилаллии пул ин аст, ки кишварҳои назири Тоҷикистон рушд накунанд.

Вай мӯътақид аст,ки яке аз авомили умдаи ҳифзи мизони болои суди бозпардохти вомҳои бонкӣ дар Тоҷикистон бо вуҷуди интиқодҳои мукаррари Раисҷумҳури ин кишвар, тавсияҳои  сандуқи байналмилалии пул мебошад, ки мехоҳад низоми молии ин ҷумҳуриро таҳти султаи иқтисодии хеш нигаҳ  дорад.

Ба гуфтаи Умаров, сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикситон ҳамчун як кишвари фақир нигоҳ мекунад, аммо бо сиёсати мустақили молӣ  мешавад ин тарз тафаккурро аз байн барад.

Ин коршиноси иқтисодӣ афзудааст: барои коҳиши вобастагии низоми бонкии Тоҷикистон ба сандуқи байналмилалии пул, зарурат дорад, ки ин кишвар мероси суди бозпардохти вомҳои бонкӣ ба муштариёнро коҳиш диҳад.

Ба гуфтаи Умаров ҳамчунин ихтисоси вомҳои камбаҳра бо муддати замони бештар барои бозпардохт метавонад муҷиботи ҷазби эътимоди муштариён ба низоми бонкии Тоҷикистонро фароҳам кунад.

 

Барчасп

Назарҳо