Июн 05, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Ривояти Лукашенко аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва вуруди Раҳмон ба Душанбе

Раисҷумҳури Беларус хотироте аз чигунагии ворид шудани раисҷумҳури Тоҷикистон ба Душанбе барои “ҷорӣ кардани тартибот” бозгӯ кард.

Ба гузориши “Спутник” ба нақл аз нашрияи “Беларус сегодня” навишт: “Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар суханронӣ пас аз таъйини ҳукумати ҷадиди кишвараш изҳор дошт, ки аз ҳама чиз муҳимтар ҳифзи сулҳу субот аст.

Лукашенко дар ин суханронӣ гуфт, Беларус ягона кишвари пасошӯравист, ки мусибатро надид.

Ӯ аз ҷумла “мусибатҳо” ба танишҳо дар Украина, Молдова, Озарбойҷон ва Арманистон, Гурҷистон ва Латвияро зикр карда, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мисол зад ва гуфт: “Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо нерӯи низомӣ вориди Душанбе шуд”.

Лукашенко гуфт: “Касе намедонад чӣ гуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурданд. Чӣ гуна бо ришдорҳо мубориза мекарданд”.

Раисҷумҳури Беларус ҳамчунин аз он нақл кард, ки чӣ гуна Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон дар Андиҷон бо куштани ҳазор нафар ошӯбро фурӯ нишонд.

Лукашенко гуфт: “Мо чунин рӯзҳоеро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдовар мешавем”.

Александр Лукашенко аз 20 июли 1994 то кунун раисҷумҳури Беларус аст.

 

Барчасп

Назарҳо