Июн 06, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Худсӯзии марде назди бинои Идораи андози Кӯлоб

Марди 63 солаи сокини минтақаи Кӯлоб субҳи рӯзи шанбе худро дар назди бинои Идораи андози ин шаҳр оташ зад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ҳафтаномаи Пайк, Зариф Абдуллоев фаоли бахши хусусӣ будааст, ки кӯдакистонҳои шаҳри Кӯлобро бо маводди ғизоӣ таъмин мекард.

Ин мард ба далели афзоиши қарзи андози хеш даст ба худкушӣ задааст  ва пизишкони бемористони Кӯлоб мизони сӯхтагии ӯро 95 дарсад ва ҳоли вайро ногувор арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манобеи мустақил, ин марди 63 сола бо Идораи андози шаҳри Кӯлоб ҳамкорӣ  дошта ва масъулони он идора дар баробари таъмини маводди ғизоии мавриди ниёзи кӯдакистонҳо эътои сабукиҳои андоз барои ин фаоли бахши хусусӣ дар назар гирифта буданд, аммо ба ваъдаи хеш амал накарданд.

Мақомоти амниятии вилояти  Хатлон гуфтаанд, ки баррасии моҷароро оғоз кардаанд ва дар ҳоли ҳозир наметавонанд ҷузъиёти ин парвандаро ифшо кунанд.

 

Назарҳо