Июн 06, 2020 21:31 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд давоми як рӯзи ахир бар асари маризии коронавирус ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то рӯзи шашуми июн дар кишвар якҳазору 265 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар шабонарӯзи ахир 219 нафар пас аз беҳбуд ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.  

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то соати 20:00 рӯзи шашуми июн дар кишвар чаҳор ҳазору 453 нафар бо ташхиси бемории КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат ду ҳазору 583 (58%) нафар шифо ёфтаанд.  

Зимнан манбаъ таъкид мекунад, ки давоми шабонарӯзи ахир ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон  ба қайд гирифта нашудааст.  

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамликат даъват кардааст, ки барои пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро риоят намоянд.

Барчасп

Назарҳо