Июл 06, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Пешбиниҳои мухталиф аз коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон

Вазири молияи Тоҷикистон пешбиниҳои ҳукуматро аз коҳиши рушди иқтисоди ин кишвар дар пайи густариши вируси корона мутафовит аз арзёбии ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфтааст, тардиде нест, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон имсоли коҳиш хоҳад ёфт, аммо омору арқоми ҳукумат бо пешбинии ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаӣ мутафовит аст.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, Бонки ҷаҳонӣ муътақид аст, ки дар соли равон иқтисоди Тоҷикистон як дарсад рушд хоҳад кард ва Фонди байналмиллалии пул ҳам мегӯяд, ки ин шохис ду дарсад хоҳад буд, аммо коршиносони Бонки осиёии рушд аз рушди 4.5 дарсадии иқтисоди Тоҷикистон сухан ба миён овардаанд.  

Вазири молияи Тоҷикистон бо ишора ба коҳиши наздик ба чаҳор дарсадии маҷмуи тавлиди нохолси миллии ин кишвар ба далели густариши вируси корона, рушди иқтисоди ин ҷумҳуриро 4.7 дарсад пешбинӣ кард.

Пештар Вазорати молияи Тоҷикистон рушди иқтисодии кишварро дар соли равон 7.8 дарсад пешбинӣ карда буд.

Аз сӯи дигар мизони бахши ҳазинаи буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон дар муқоиса бо бахши даромадии он се миллиарду  100 миллион сомонӣ (баробар бо 310 миллион доллар) бештар аст, ки ин ба маънои касрии буҷет хоҳад буд.

 

Барчасп

Назарҳо