Июл 06, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани 358 кадри дармонии вилояти Хатлон ба илтиҳоби шуш ва фавти 24 нафар

Аз 358 кадри дармонӣ ва беҳдоштии вилояти Хатлон, ки ба бемории илтиҳоби шуш мубтало шудаанд, 24 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Илиёсиддин Саидов- муовини Ситоди муқобила бо вируси корона дар вилояти Хатлон бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ки аз ин теъдод 162 нафар пизишк, 152 тан ҳамшираи шафқат ва бақия кормандони бахши хадамот мебошанд.

Акрам Шералиев- пизишки бемористони марказии вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки рӯзҳои нахуст онон аз бемории КОВИД-19 иттилоъ надоштанд ва либоси ҳифозатӣ низ дар ихтиёрашон набуд ба ҳамин далел заминаи олуда шудани кадри дармонӣ фароҳам буд.

Вай афзудааст: Ҳарчанд, ки имрӯз таҷҳизоти лозим дар ихтиёри пизишкон ва ҳамшираҳои шафқат қарор гирифта, аммо имкони мубтало шудани кадри дармонӣ ҳангоми мудовои беморон вируси корона вуҷуд дорад.

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки 337 сокини ин минтақа ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 10 нафар ҷони худро аз даст додаанд, аммо теъдоди фавтидагон аз илтиҳоби шуш дар вилояти Хатлон тайи ду моҳи ахир 190 нафар эълом шудааст.

Мақомоти Вазорати  тандурустии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои Ситоди муқобила бо вируси корона дар ин кишвар, теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар аст.

Онон мегӯянд барои шиносоӣ, дармон ва карантини афроди мубтало ба КОВИД-19, таъмини ниёзи таҷҳизотии бемористонҳо ва кумак ба қишрҳои осбпазир барномаҳои зиёде дар Тоҷикистон иҷро шудааст.

Назарҳо