Июл 07, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 53 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш дод дар 24 соати гузашта 53 мавриди ҷадиди Ковид-19 бидуни фавтида дар ин кишвар ба сабт расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 имрӯз сешанбае ҳафтӯми июли 2020 теъдоди фавтшудагон аз бемории Ковид-19 дар ин кишвар бидуни афзоиш ҳамон 53 нафар аст. 

Аз 30 апрел то ҳафтӯми июл теъдоди мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба 6 ҳазор 315 нафар расидааст ва то кунун 4 ҳазор 965 нафар (78,4 фоиз) аз ин беморӣ дармон шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гузориш додааст, ки 220 нафар дар 24 соати гузашта ба гумони мубтало шудан ба Ковид-19 таҳти назорати пизишкӣ будаанд, 1 ҳазор нафар дар хонаҳо дармон мешаванд ва як нафар низ пас аз даво ёфтан аз бемористон мураххас шудааст.  

Назарҳо