Июл 08, 2020 10:00 Asia/Dushanbe
  • Идомаи банд мондани шаҳрвандони Русия дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки асосан асолати тоҷикистонӣ доранд дар марзи ин кишвар бо Узбакистон банд мондаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Андрей Варламов- масъули сарконсулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Азия-Плюс матлаби болоро таъйид карда ва афзудааст: Аксари ин афрод бо худравҳои шахсӣ ва ба далели шуйюи корона аз 15 июн дар гузаргоҳи Ойбек таҷаммуъ кардаанд то аз тариқи қаламрави Узбакистон ва Қазоқистон ба Русия бозгарданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳам акнун 500 худрав бо сарнишинонашон дар хати марзи Тоҷикистон ва Узбакистон қарор доранд.

Масъули сарконсулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд иллати таъхир дар хуруҷи шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистонро ба рағми мувофиқати ин кишвар ва Узбакистон, дар  ризоят надодани Қазоқистон барои убур аз қаламраваш эълом кардааст.

Русия дар чанд моҳи шуйюи корона садҳо шаҳрванди худро аз Тоҷикистон тариқи ҳавоӣ хориҷ кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо