Июл 08, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои байналмиллалии зидди коронаӣ ба Тоҷикистон

Сокинони Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор, Нуробод ва Файзобод барои муқобила бо густариши вируси корона кумакҳои башардӯстонаи байналмиллалӣ дарёфт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ин кумакҳо беш аз се тонна бастаҳои хлор, 1090 адад ниқоби тиббии якбор масраф, 1000 ҷуфт дасткаш ва 650 даст либоси муҳофизи вижа буд, ки миёни сокинони маҳаллӣ тавзеъ шуд.

Ҳамчунин 1000 дастгоҳи танаффускунандаи қобил истифодаи дубора, 800 қутии маводи безараргардонӣ, 120 кампл ва курпа ва анвоъи намуди доруҳо ба унвони кумак тавзеъ шуд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки монанди ин кумакҳо ба сокинони вилояти худмухтори Бадахшон ироа шавад.

Шаҳристонҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор, Нуробод ва Файзобод ва вилояти худмухтори Бадахшон аз ҷумла минтақаҳои кӯҳистонӣ дар шарқи Тоҷикистон ҳастанд, ки ба далели камбуди имконоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ дар маърази хатари корона қарор доранд.

Пеш аз ин низ кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Узбакистон ва бархе кишварҳои дигар кумакҳои зидди коронаӣ ба Тоҷикистон таҳвил дода буданд.

 

Барчасп

Назарҳо