Июл 08, 2020 12:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳакимов: Ҷаримаи ашхоси бидуни ниқобак роҳи ришвахориро боз мекунад

Ҳуқуқдони тоҷик аз тасвиби қонуни ҷазоии Тоҷикистон барои ҷаримаи молии афроде, ки бидуни доштани ниқобак аз хона берун меоянд, интиқод кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шокирҷон Ҳакимов бо ишора ба тасвиби банди ҷаримаи ашхоси бидуни ниқобак дар қонуни ҷазоии Тоҷикистон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ, ки ба имзои раиси ҷумҳурии ин кишвар низ расидааст гуфт: Дар шароити феълии Тоҷикистон ин иқдом роҳи дигареро барои ришвахорӣ ва фасоди молии кормандони ҳифзи ҳуқуқ боз хоҳад кард.

 Ба эътиқоди Ҳакимов ҳадаф аз ҷаримаҳо кумак ба коҳиши касрии буҷаи ҳукумат аст, ки дар шароити густариши вируси корона ба шиддат бо камбуди манобеъи молӣ рубару аст, аммо дар шароити ночиз будани мизони маош ва дастмуздҳо ва густурдагии фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон ба вежа миёни кормандони идораҳои интизомӣ, ки бояд иҷрокунандаи ин қонун бошанд, ин иқдом мӯҷиби даст ба фасоди бештар задани кормандони полис хоҳад шуд.

 Ҳуқуқдони тоҷик дар тавзеҳи назари худ гуфт:Дар Тоҷикистон мардум одат кардаанд ,дар сурати сарпечӣ аз қонунҳо аз ҷумла муқаррароти ронандагӣ, ба ҷойи пардохти асли маблағи ҷарима бо додани ришваи ночиз ба кормандон интизомӣ наҷот ёбанд ва ҳар ду тараф аз ин муомила розӣ мебошанд.

 

Барчасп

Назарҳо