Июл 09, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Марги 64 нафар дар минтақаи Суғд аз оғози имсол то кунун ба иллати вуқуи ҳодисаҳо

Аз ибтидои сол то кунун бар асари вуқуи ҳодисаҳо 64 нафар дар Суғд ҷон бохтанд.

Ба нақл аз Осиё плюс , дар 6 моҳи имсол дар минтақаи Суғд 260 ҳодисаи изтирорӣ ба сабт расид ,ки дар ин ҳодиса 64 нафар аз сокинони минтақа кушта шуданд.

Сарҳанг БаҳромДудин сарпарасти Кумитаи ҳолатҳои изтирории минтақаи Суғд гуфт ; хасорати иқтисодии ноши аз ҳодисаҳои табии ва инсонӣ дар ин мудат 43 миллион сомонӣ будааст.

Ӯ афзуд ин дар ҳоле аст ,ки соли 2019 мизони хасороти ноши аз вуқуи ҳодисаҳо дар ин минтақа ҳудуди 13 миллион сомонӣ буд.

Сарҳанг Баҳром Дудин сарпарасти Кумитаи ҳолатҳои изтирории минтақаи Суғд гуфт ; бориши шадиди барф 8 то 9 апрел бештарини хасороти иқтисодӣ ба мизони 32 миллион сомониро ба кишоварзон ва сокинони минтақа ворид кард.

Назарҳо