Июл 09, 2020 20:48 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта, 46 бемори коронаӣ шиносоӣ шуда ва то кунун дар ин кишвар, 6410 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Ба гузориши сомонаи "Ховар", Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом карда, то соати 19:00 имрӯз, панҷшанбе, 9 июли 2020, теъдоди фавтшудагон аз бемории коронавирус дар ин кишвар ҳамон 54 нафар аст.

Аз 30 апрел то 8 июл, теъдоди мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 6 410 нафар расид, ки то кунун 5067 нафар дармон шуда ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

 

Барчасп

Назарҳо