Июл 12, 2020 12:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллиону 361 ҳазор нафар расид

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард: Дар поёни се моҳи нахусти имсол ҷамъияти ин кишвар ба 9 миллиону 361 ҳазор нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи news.taj.su, дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ ҷамъияти Тоҷикистон бо афзоиши 45 ҳазор нафарӣ ба ин рақам расидааст.

Аввалҳои соли 2019 ҷамъияти Тоҷикистон 9 миллиону 126 ҳазор нафар эълом шуда буд.

Бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон миёнгини афзоиши солонаи ҷамъияти ин кишвар 2.1 дарсадро ташкил мекунад ва 30 сол қабл ин ҷумҳурӣ панҷ миллиону 400 ҳазор нафар ҷамъият дошт.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд то соли 2023 ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар бирасад.

Раҳмон Улмасов- устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе ва коршиноси умури ҷамъият муътақид аст, ки миёни афзоиши омори зоду валад ва иштиғолзоӣ дар ин кишвар баробарӣ вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи вай ҳамасола 180 то 200 ҳазор нафар неруи нав вориди бозори кори Тоҷикистон мешавад, ки теъдоди ночизе аз онон метавонанд умедвор ба пайдо кардани шуғл бошанд ва бештари онон роҳии Русия мешаванд.

 

Барчасп

Назарҳо