Июл 12, 2020 12:59 Asia/Dushanbe
  • Бахшудагии наздик ба ду миллион доллар қарзи ширкати Тоҷик Эйр

Ҳукумати Тоҷикистон барои кумак ба ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр, ки тайи ду соли ахир дар шароити варшикастагӣ буд, қарзи наздик ба ду миллиондолларии ин ширкатро аз ҳисоби буҷет мебахшад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, бо ин иқдом ду ширкати талабкор аз Тоҷик Эйр аз пардохти андоз ба маблағи наздик ба ду миллион доллар, ки баробар бо талаби онҳо аст муоф хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дод, ки харидории як ҳавопаймои Боинг- 767 гаронтар аз нархи воқеии он ва санадсозӣ дар ин маврид дар Тоҷик Эйр-ро мавриди бозрасӣ қарор диҳад.

Ҳамчунин  Эмомалӣ Раҳмон равшан шудани моҷарои се моҳ пардохт нашудани ҳуқуқи кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳақи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯзишрасон дар фурудгоҳҳоро хостор шуда буд.

Дар  пайи ин тасмим тамомии парвозҳои Тоҷик Эйр қатъ шуд ва бо интисоби мудирияти нав, дар соли 2020 ин ширкат парвозҳои худро ба бархе аз шаҳрҳои Русия барои хориҷ кардани коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик дар пайи густариши вируси корона, аз сар гирифт.

 

Назарҳо