Август 04, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 45 мавриди ҷадиди Ковид-19 бидуни фавт дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки дар 24 соати гузашта 45 бемори ҷадиди Ковид-19 бидуни фавтӣ шиносоӣ шуданд.

 

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, то соати 19:00 имрӯз, сешанбе, 4 августи соли 2020, шумораи фавт аз бемории Ковид -19 дар кишвар бидуни афзоиш  61 нафар боқӣ  монд.

Инчунин, аз 30 апрел то сешанбе, 4 августи соли 2020, шумораи беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон ба 7583 расидааст, ки аз онҳо 6536 (83,8%) то имрӯз табобат гирифтаанд.

Гузориш таъкид мекунад, ки ҳазор нафароне, ки ба шакли сабуки бемории Ковид- 19 мубтало шудаанд, дар хонаҳояшон таҳти назорати табибон табобат мегиранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар 85 маркази дармонии ин кишварбарои муқобила бо вируси корона ҳафт ҳазору 500 табиб ва 25,000 ҳамшираҳои шафқат  фаъолият мекунанд.

Барчасп

Назарҳо