Август 13, 2020 10:57 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби дастурамали нави изҳорномаи дороиҳои мансабдорони Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон дастурамали нави изҳорномаҳои марбут ба даромад ва дороиҳои кормандони давлатро тасвиб кард.

Ба нақл аз Осиё плюс, ин дастурамал феҳристи дороиҳо ва даромадҳои мавриди назари эъломияро густариш додааст.

Бар ин асос дар изҳорномаи молиёт бар даромад, мақомот бояд иттилооти марбут ба даромади дарёфтшуда аз ҷумла хориҷ аз кишварро дар маҳали аслӣ ва ғайри аслӣ кор нишон диҳанд.

Ҳамчунин онон бояд даромадҳои ҳосил аз фаолиятҳои амалӣ ва омӯзишӣ , амлоки иҷораӣ ва қитаи замини шахсӣ , супурдаҳои Бонкӣ ва дигар даромадҳо ҳатто теъдоди мурғ ва гусфанд ва дигар домҳои худро гузориш диҳанд.

Дар ин изҳорнома бояд пасандози дар Бонкҳо , саҳоми моликият ва мушорикат дар сармоягузорӣ , ффелезоти гаронбаҳо ва сангҳо низ зикр шавад.

Эъломияҳои мавҷуд то кунун ҳовии иттилооти дар мавриди дастмуздҳо , сойири даромадҳо ва дороиҳо ( хонаҳои истиқоматӣ , хонаҳои ҳавлӣ замин ва мошин ... ) кормандони давлат аст.

Барчасп

Назарҳо