Август 13, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сафорати Русия дар Тоҷикистон ба атбои худ дар бораи таҳияи билет

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба атбои худ ҳушдор дод фиреби ваъдаи кулоҳбардоронро барои билети парвоз ба мақсади Русия нахуранд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз манбаъҳои хабарии тоҷикӣ , Валейри Катункин мудири бахши консулии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт чанд гуруҳи кулоҳбардор фаолияти худро бо додани ваъдаи дуруғи таҳияи билет ба атбоъи Русия оғоз карданд.

Намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт иттилооте дарёфт карда ,ки бархе ширкатҳои воситаи ба ашхоси мутаадад бе иҷозатномаи билетҳои ҳавопаймо ба мақсади Русияро фрухтаанд.

 Катункин ҳушдор дод ,ки кулоҳбардорон тибқи як нақшаи мушобеҳ иқдом мекунанд ва сафорат ҳаргиз барои фуруши билет бо ҳеч ширкат воситаи ҳамкорӣ намекунад.

 Ӯ афзуд; фақат шаҳрвандони Русия ,ки мадорики муътабар доранд метавонанд билети парвозҳоро харидори кунанд.

 

Барчасп

Назарҳо