Август 13, 2020 12:19 Asia/Dushanbe
  • Парвози ихтисоси аз Машҳад ба Душанбе

Қарор аст имрӯз панҷшанбе 13 август ( 23 мурдод ) як парвози ихтисосӣ аз шаҳри Машҳади Эрон ба мақсади Душанбе , пойтахти Тоҷикистон анҷом шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ширкати  хадамоти мусофиратии Ҳамсафарон ,ки масули фуруши билет дар масири Машҳад - Душанбе аст , ин парвоз бо ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон ва бар асоси меъёрҳои шадиди тандурустӣ анҷом мешавад.

Пеш аз ин сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон мусофирони мутақозии сафар ба Тоҷикистонро ба манзури ҳамоҳангии умури карантина ба маҳзи вуруди онон ба фурудгоҳи байналмилаллии Душанбе , номнависи карда буд.

Гуфта мешавад дар парвози имрӯз ҳудуди 122 мусофир аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон озими Душанбе ҳастанд ,ки дар идома бо ҳамин парвоз шаҳрвандони эронии сокини Тоҷикистон ба ватанашон боз хоҳанд гашт.

Дар паи шуюи вируси корона парвозҳои мамулии миёни кишварҳои дӯст ва бародари Эрон ва Тоҷикистон қатъ шуда ва дар ин охир танҳо ду парвози ихтисосӣ миёни ду кишвар анҷом шуда ,ки инак парвози севвум дар роҳ аст.

Қарор аст парвози оянда дар масири Машҳад ба  Душанбе ва баракс рӯзи 13 шаҳривар ,севвуми сентиябр сурат гирад.

Барчасп

Назарҳо