Сентябр 12, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши 236 ҳазор нафарии ҷамъияти Тоҷикистон то аволи соли 2021

Агентии омори давлатии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки то аввали соли 2021 шумораи аҳолии кишвар ба 9 миллиону 688 ҳазор нафар хоҳад расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, дар ҳоли ҳозир  ҷамъияти Тоҷикистон  9 миллиону 452 ҳазор нафар эълом шудааст, ки бо миёнгини рушди беш аз 2,5 дарсадӣ дар сол дар авоили соли 2021 ба 9 миллиону 688 ҳазор нафар  хоҳад расид .
Бино бар ин гузориш дар 29 соли ахири ҷамъияти Тоҷикистони 3,8 миллион нафар афзоиш ёфта ва аз 5 миллиону 400 ҳазор нафар дар соли 1990 ба 9 миллиону 452 ҳазор нафар дар соли 2020 расидааст .
Ба манзури барномарезӣ барои мушаххас кардани ҷамъияти Тоҷикистон дар рӯзҳои якум то панҷуми октябр дар кишвар саршумории ҷамъият ва маскан  баргузор мегардад .
Дар ин барнома аз ду равиши интерентӣ ва ҳузурӣ барои мушаххас кардани ҷамъияти ин кишвар  истифода хоҳад шуд .
Қаблан ожонси давлатии омори Тоҷикистон расидани ҷамъияти кишвар ба 10 миллион нафарро барои соли 2023 пешбинӣ карда буд, ки ба назар мерасад ин иттифоқ  зудтар хоҳад афтод.
 Тоҷикистон бо рушди солонаи 2,5 дарсадии ҷамъияташ дар қаламрави ҷомеаи ҳамсуд ва Осиёи марказӣ ҷойгоҳи нахустро дар ихтиёр дорад .

Барчасп