Сентябр 22, 2020 11:55 Asia/Dushanbe
  • Тақсими барқи Тоҷикистон ба бахши хусусӣ вогузор мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи ислоҳот дар сохтори ширкати давлатии Барқи Тоҷик ва ба дархости ниҳодҳои молии байналмиллалӣ қасд дорад тақсими барқ дар ин кишварро ба бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои байналмиллалӣ вогузор кунад .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , ба ин манзур ду ширкати нави интиқолу тақсими барқ бо ислоҳоти сохторӣ дар ширкати Барқи Тоҷик таъсис шуда, ки то ба ҳол фаъол нашудаанд .

 Мақомоти вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон муътақиданд вогузории тақсими барқи ин кишвар ба бахши хусӯсӣ аз ҷумлаи ширкатҳои байналмиллалӣ муҷиби эҷоди шафофият дар амалкарди шабакаҳои интиқолу тақсими барқ ва ҷазби сармояи хориҷӣ барои беҳбуди фаъолияти онҳо хоҳад шуд .

 Аммо Хуршед Ализода-иқтисоддони мустақили тоҷик мегуяд,ки муҳим мудирияти тақсими барқ дар ин кишвар аст, ки муттаассифона ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар ин замина амалкарди ғайри қобили пазириш дошт.

Қарзи молии ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар ҳоли ҳозир ба 26 миллиард сомонӣ ( муодили 2 миллиарду 500 миллион доллар ) расида аст, ки ин ширкатро ба бузургтарин қарздори молӣ дар Тоҷикистон табдил карда аст .

 Бар асоси бароварди мутахассисон , Тоҷикистон ба далели доштани рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ аз зарфияти тавлиди 527 миллиард киловатт-соъат барқи обӣ дар сол бархурдор мебошад, ки дар ҳоли ҳозир танҳо 5 дарсад аз ин захираҳо мавриди истифода қарор гирифтааст .

 

Барчасп

Назарҳо