Октябр 01, 2020 11:57 Asia/Dushanbe
  • Замони бозгушоии масҷидҳои Тоҷикистон мушаххас нест

Бо вуҷуди азсаргирии фаъолияти марказҳои тиҷорӣ, ресторанҳо, ғизохӯриҳо ва бошгоҳҳои шабона дар Тоҷикистон аз 15 июни соли ҷорӣ ба далели коҳиши хатархои вируси корона то ба ҳол замони бозгушоии масҷидҳо дар ин кишвар мушаххас нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Топтҷ,Эмомалӣ Мирзоев-сухангӯии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта аст, ки яке аз далелҳои то ба ҳол бозгушоӣ нашудани масҷидҳои ин кишвар ин аст, ки аксари намозгузорон ашхоси бо синну соли боло мебошанд, ки бештар дар вартаи гирифтор шудан ба КОВИД 19 қарор доранд.

 Афшини Муқим-сухангӯи Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон низ таъкид карда аст, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо кори сахт мебошад ва ба ҳамин далел дар сурати беҳбудии шароит дар заминаи бозгушоии ин марказҳои ибодӣ Ситоди муқобила бо вируси корона тасмимгирӣ хоҳад кард.

 Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ тибқи мусаввабаи Шӯрои уламои исломии ин кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши КОВИД 19 баста шуд.

Шумори масҷидҳои расмӣ дар Тоҷикистон 4 ҳазор адад мебошад.

 

Барчасп

Назарҳо