Октябр 01, 2020 17:55 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакхоҳии чиниҳо аз Тоҷикистон барои бозорёбии фурӯши нафт

Сармоягузорони чинӣ дар посух ба интиқоди муовини сарвазири Тоҷикистон аз вазъи корхонаи коркарди нафти Данғара аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки дар пайдо кардани муштарӣ кӯмак кунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, муовини аввали нахусти вазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  дар нишасти Шӯрои  мушорикати бахши давлатӣ ва хусусӣ, ки раёсати онро бар ӯҳда дорад аз оғоз  нашудани фаъолияти корхонаи коркарди нафти Данғара, ки ширкати чинии TK-oil ваъдаи онро барои сол 2018 дода буд интиқод кард .
Муовини аввали нахуст  вазири Тоҷикистон дар идома бо баёни ин ки тамоми зерсохтҳои лозим, аз ҷумла  хати барқ, хати рейлӣ ва об барои баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ таъмин шуда ба ашхоси муртабит дастур дод иқдомоти лозимро барои шурӯи кори он анҷом диҳанд .
Намояндагони ширкати чинии TK-oil низ, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд эълом карданд сохт ва таҷҳизи полоишгоҳи Данғара ба таври комил ба поён расидааст ва мушкили аслӣ, набуди бозори фурӯш аст .
Бо ин ҳоли онон ба таври дақиқ мушаххас накарданд, ки манзуршон аз «набуди бозори фурӯш » чист.
Сармоягузорони чинӣ аз давлати Тоҷикистон хостанд то дар ёфтани муштарӣ ба онон кӯмак кунад .
Чанде қабл масъулони минтақаи озоди иқтисодии Данғара  далели аслии таъхири дар роҳандозии ин полоишгоҳро набӯуди маводи аввалия бо қиммати муносиб  дониста ва аз музокира бо ширкатҳои эронӣ, қазоқӣ ва русӣ барои арзаи маводи хом хабар дода буданд .
 Тоҷикистон  ҳудуди 80 дар сад аз нафти мавриди ниёзи худро аз Русия ва беш аз 90 дар сад аз гази мойеъро низ аз Қазоқистон ворид мекунад .
Тақозои  солонаи Тоҷикистон ба фаровардаҳои нафтӣи  600 ҳазор тонна ва ба гази мойеъ беш аз 400 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад .

Барчасп

Назарҳо