Октябр 05, 2020 11:40 Asia/Dushanbe
  • Русия дахолат дар истирдоди мухолифи тоҷикро рад кард

Вазорати корҳои дохилаи Русия дар посух ба дархости вакили мудофеи Шаҳобиддин Бадалов, узви Гурӯҳи 24 эълом кард, ки дар истирдоди вай ба Душанбе нақше надоштааст.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, дар баёнияи Вазорати корҳои дохилаи Русия гуфта мешавад, ки ин табааи Тоҷикистон худ аз фурӯдгоҳи Домодедоваи Маскав ба Душанбе парвоз кардааст.

Намояндагони гурӯҳи мамнӯаи 24 дар Тоҷикистон, қаблан эълом кардаанд, ки Шаҳобиддтн Бадалов, ки кормандони полиси шаҳри Нижний Новгороди Русия рӯзи аввали сентябр вайро боздошт ва ба макони номаълуме мунтақил карда буданд, ба Душанбе истирдод шудааст.

Мушкилоти Шаҳобиддин Бадалов замоне оғоз шуд, ки вай моҳи июн дар эътироз ба сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия дастнавиштаеро алайҳи Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии Маскав боло бурда буд.

Вай дар пайи ин иқдом ба ҳамроҳи як нафари дигар аз аъзои Гурӯҳи 24 боздошт ва ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шуд.

Бадалов дар соли 2019 аз Русия мақоми паноҳандагӣ дарёфт карда буд, аммо ахиран мақомоти полиси шаҳри Нижний Новгород ба ӯ эълом карда буданд, ки муддати паноҳандагии вай тамдид нахоҳад шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2014 фаъолияти Гурӯҳи 24-ро ба унвони созмони ифротӣ мамнуъ кард.

 

Барчасп