Октябр 17, 2020 22:38 Asia/Dushanbe
  • Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барномаи 80% -и иҷрои барномаи ихтиёрии ҷавононро эълон мекунад
    Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барномаи 80% -и иҷрои барномаи ихтиёрии ҷавононро эълон мекунад

Дар Тоҷикистон аз як сӯ сухангӯи Вазорати Дифо аз иҷрои 80 дар садии барномаи ҷазби довталабон ба нерӯҳои мусаллаҳ гузориш медиҳад ва аз сӯи дигар дар бархе манотиқ аз боздошт ва эъзомҳои иҷборӣ шикоят мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, сарҳанг Фаридун Муҳаммад Ализода гуфтааст, ки то нимаи нахусти моҳи октябр барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низом вазифа 80 дар сад иҷро шудааст, ки дар ин миён вилояти Бадахшон ва 30 ноҳия муваффақ ба эъзоми довталабонаи сад дар садӣ шудаанд.

Аммо созмони ғайридавлатии дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ эълом кардааст, ки аз оғози мавсими тирамоҳии эъзоми ҷавонони воҷиди шароити хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ҳашт мавриди шикояти волидайни ин ҷавонон ва 12 навори видеоии боздошту эъзоми иҷбории онон дарёфт шудааст.

Эъзоми иҷборӣ идома дорад

Хонум Дилрабо Самадова мудири ин созмон мӯътақид аст, ки бо вуҷуди ваъдаи масъулони идораи низомвазифаи Тоҷикистон дар бораи ислоҳи қонуни хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳ, ҳеч тағире рух надода ва эъзоми иҷбории ҷавонон ва ҳатто афроди бемору маълул идома дорад.

Вай таъкид кардааст, ки замони тағйири куллии равиши ҷазби ҷавонон ба хидмати низомвазифа дар Тоҷикистон фаро расидааст.

Дар Тоҷикистон то кунун шуморе аз сарбозони тозаворид ба далели зарбу шатми сарбозони қадимитар маълул шуда ва ё ҷон бохтаанд. Аммо масъулони Вазорати Дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар солҳои ахир ин вазъ ислоҳ шуда ва шароити хидмат дар воҳидҳои низомӣ беҳбуд ёфтааст. 

 

  • бештар бихонед:

Худкушии сарбози вазифаи суғдӣ пас аз фирор аз маҳалли хидмат 

Тарҳи коҳиши муҳлати хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон

Эъзоми иҷбории ҷавони ношунаво ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Барчасп