Октябр 22, 2020 11:53 Asia/Dushanbe
  • СММ номи Гулмурод Ҳалимовро дар рӯйхатти афроди таҳти таҳрим қарор додааст
    СММ номи Гулмурод Ҳалимовро дар рӯйхатти афроди таҳти таҳрим қарор додааст

Бо вуҷуди он ки расонаҳо пештар аз кушта шудани Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дода буданд Созмони Миллали Муттаҳид номи вайро дар рӯйхатти афроди таҳти таҳрими хеш қарор додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи pressa, ин рӯйхатт, ки ҳар шаш моҳ ба рӯз мешавад номи афроди муртабит бо шабакаи Алқоъида ва гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар бар мегирад, ки номи Гулмурод Ҳалимов низ дар он дида мешавад.

Генерал Рамазон Раҳимзода- вазири умури дохилаи Тоҷикистон то кунун чанд бор эълом кардааст, ки дар расонаҳо борҳо хабарҳое аз кушта шудани Ҳалимовро мушоҳида карда вале то замоне, ки ҷасади уро ба чашми хеш набинад, марги Ҳалимовро бовар нахоҳад кард.

Вазири кишвари Тоҷикистон: кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро бовар надорам

Генерал Ҳалимови 47 сола фармондеҳи пешини неруи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гуруҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гуруҳи террористӣ ва нақзи савганди вафодории афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Манобеи хабарии мухталиф борҳо хабари кушта шудани вайро мунташир кардаанд, ки ҳечгоҳ расман таъйид нашудааст.

Бештар бихонед:

 

Назарҳо