Октябр 23, 2020 22:25 Asia/Dushanbe
  • Шурӯи Ковид -19 парвози Душанбе - Тошкандро мутаваққиф карда буд
    Шурӯи Ковид -19 парвози Душанбе - Тошкандро мутаваққиф карда буд

Мақомоти Вазорати ҳамлунақли Ӯзбакистон аз оғози дубораи парвозҳо миёни Тошканд бо Душанбе аз рӯзи 28 октябр хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин парвозҳо, ки аз баҳори имсол ба далели густариши вируси корона қатъ шуда буд, бо тавофуқи мақомоти ҳавопаймоии ду кишвар аз сар гирифта мешавад.

Бар асоси тавофуқи мақомоти вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон то итилои баъдӣ ҳар ҳафта фақат як парвоз дар рӯзҳои панҷшанбе байни пойтахтҳои ду кишвар анҷом хоҳад шуд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон қасд доштанд, ки дар тобистони имсол парвозҳо бо Ӯзбакистонро азсар гиранд, аммо густариши Ковид -19 монеи ин барнома шуд.

Бештари мусофирони тоҷик аз парвози Тошканд ба унвони парвози транзитӣ барои идомаи сафар ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ истифода мекунанд.

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп

Назарҳо