Октябр 24, 2020 10:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи “Саноатсодиротбонк” ҳимоят аз бахши хусусӣ, тиҷорати хурд, тавлид ва содирот аст
    Ҳадафи “Саноатсодиротбонк” ҳимоят аз бахши хусусӣ, тиҷорати хурд, тавлид ва содирот аст

Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи таъсиси бонки ҷадидеро ба номи"Саноатсодиротбонк" содир кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ҳадаф аз таъсиси ин бонк, ҳимоят аз фаъолияти бахши хусӯсӣ, тиҷорати хурд, тавлидкунандагон ва содиркунандагони маҳсӯлот эълом шудааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастури таъмини манобеи молӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумат барои фаъолияти “Саноатсодиротбонк”-ро дода буд.

Бонки ҷадид бояд барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар дохили Тоҷикистон ва кумак ба содироти маҳсӯлот ба хориҷ аз ин кишвар, эътибороти молии мавриди ниёзро дар ихтиёри фаъолони бахши хусусӣ қарор диҳад.

Бонки ҷадиди Тоҷикистон дар шароити сахти иқтисодӣ муваффақ хоҳад шуд ё хайр?

Дар Тоҷикистон 18 бонки тиҷорӣ ва танҳо як бонки давлатии мавсӯм ба “Амонатбонк” фаъолият мекунад.

Аммо теъдоде аз ин бонкҳо аз ҷумла “Содирот” ва “Сармоягузории кишоварзӣ” дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Бонки миллии Тоҷикистон ду бонки буҳронзадаро варшикаста эълом намекунад

Афзоиши захоири арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол

 

Барчасп

Назарҳо