Октябр 27, 2020 21:28 Asia/Dushanbe
  • Дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тавзеҳе ироа нашудааст
    Дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тавзеҳе ироа нашудааст

Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбакистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст.

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

 


 

Бештар бихонед:

Талоши дубора барои азсаргирии парвози Тошканд - Душанбе

Лағви парвози Тошканд – Душанбе аз сӯйи Узбакистон

Парвози Машҳад-Тошканд роҳандозӣ шуд

 


 

 

 

Барчасп

Назарҳо