Октябр 28, 2020 22:07 Asia/Dushanbe
  • Сабти як фавти дигар бар асари корона дар Тоҷикистон
    Сабти як фавти дигар бар асари корона дар Тоҷикистон

Як мавриди дигари фавт бар асари корона дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон ба сабт расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид-19 дар ин кишвар то соати 19 имрӯз 28 октябр бо шиносоии 40 мавриди ҷадид ба 10 ҳазору 900 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон бо як мавриди афзоиш ба 82 нафар расидааст.

Аз 10 ҳазору 900 гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 70 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шаборнарӯзи ахир 61 бемори короноӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурахахас шудаанд.

Биштар бихонед:

Барчасп

Назарҳо