Октябр 29, 2020 14:20 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон афзоиши буҷети ҳукумати Тоҷикистонро имконпазир намедонанд
    Коршиносон афзоиши буҷети ҳукумати Тоҷикистонро имконпазир намедонанд

Иқтисоддонони тоҷик иҷрои буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 бо афзоиши 6.1 дарсадӣ дар муқоиса бо буҷети имсолро баъид арзёбӣ мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Масъуд Собиров- иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки дар шароити густариши корона дар Тоҷикистон, коҳиши фаъолиятҳои иқтисодии дохилӣ ва кам шудани даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия расидан ба афзоиши 6.1 дарсадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 ғайримумкин аст.

Ба гуфтаи Собиров, коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаш моҳи нахусти имсол аз хориҷ ба кишварашони 999 миллион доллар ирсол карданд, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли 2019 ба мизони 174 миллион доллар камтар аст.

Ҳамчунин Саидҷаъфари Усмонзода- намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон бо тардид дар мавриди воқеӣ будани пешбинии афзоиши беш аз 6 дарсадии буҷети ҳукумат барои соли 2021 гуфтааст: Дар шароити густариши вируси корона иҷроӣ шудани бахши даромадии буҷети соли 2021 мушкил аст. Аз ин рӯ интизор меравад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба фуруши захираҳои тилло, сангҳои қиматӣ ва филизҳои рангӣ иқдоми кунад.

Буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли оянда 27 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсоли як миллиарду 600 миллион сомонӣ муодили 6.1 дарсад бештар аст.

Бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон низ барои соли 2021 ба мизони 20 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсол як миллиард сомонӣ бештар аст.

Ҳамчунин барои бахши ҳазинаии буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда 28 миллиарду 100 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп

Назарҳо