Ноябр 09, 2020 19:11 Asia/Dushanbe
  • Хонандагони тоҷик дар ин олимпиада 36 медали тилло, 31 нуқра ва 20 биринҷӣ касб карданд
    Хонандагони тоҷик дар ин олимпиада 36 медали тилло, 31 нуқра ва 20 биринҷӣ касб карданд

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии «Math Challange-2020», ки ба мизбонии Тайланд баргузор шуд, 36 медали тилло ба даст овараданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин давра аз рақобатҳои ҷаҳонӣ, 137 ханандаи тоҷикистонӣ аз 10 муассисаи таҳсилоти умумии ин кишвар бо беш аз ҳазору 300 хонанда аз дигар кишварҳои ҷаҳон дар ҳалли масоили душвори риёзӣ ба сурати маҷозӣ рақобат карданд.

Дар поён хонандагони тоҷик муваффақ ба касби 36 медали тилло, 31 нуқра ва 20 биринҷӣ шуданд.

Дар ин олимпиадаи маҷозӣ ҳазору 500 хонандаи мактаб аз 22 кишвари мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ширкат карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп