Декабр 09, 2020 21:07 Asia/Dushanbe
  • Амрико Тоҷикистонро дар феҳристи 10 кишвари ноқизи озодиҳои динӣ қарор додааст
    Амрико Тоҷикистонро дар феҳристи 10 кишвари ноқизи озодиҳои динӣ қарор додааст

Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гузориши ахири Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи нақзи ҳуқуқи динӣ ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро ғайривоқеӣ, такрорӣ ва беасос хонд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Вазорати хориҷаи Амрико феҳристи солонаи ҷадиде аз ноқизони озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон мунташир карда, ки дар ин феҳрист номи Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари нахуст қарор гирифтааст.

 

Аммо Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи кишварҳои ноқизи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳонро такрорӣ ва дар қиболи Тоҷикистон ғайримунсифона дониставу онро рад кардааст.

  • Ин кумита аз мақомоти Вазорати хориҷаи Амрико даъват кардааст, ки бо эъзоми комиссиюни вижае вазъи ҳуқуқи динӣ ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро мунсифона баррасӣ кунанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон қаблан ҳам гуфта буд, ки гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи зиндагии мазҳабии мардуми Тоҷикистон ғайривоқеӣ ва бештар инъикоси ахбори расонаҳост.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп