Декабр 11, 2020 22:12 Asia/Dushanbe
  • То кунун 88 нафар бар асари ибтило ба корона дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд
    То кунун 88 нафар бар асари ибтило ба корона дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд

Бо шиносоии 42 мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар Тоҷикистон, теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 630 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони корона дар ин кишвар низ то соати 19 рӯзи ҷумъаи 11 декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 88 нафари қаблӣ аст.

Аз 12 ҳазору 630 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 52 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 43 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп