Декабр 16, 2020 22:34 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи чаҳоршанбеи 16 декабри 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи чаҳоршанбеи 16 декабри 2020 эълом шуд

Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди Ковид- 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон ба 12 ҳазору 815 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковид- 19 дар Тоҷикистон низ то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 16 декабри 2020 бо як маврид афзоиш, 89 нафар эълом шуд.

Аз 12 ҳазору 815 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 532 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 41 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп