Декабр 28, 2020 12:04 Asia/Dushanbe
  • Коҳиш ёфтани даромади муҳоҷирони меҳнатӣ бар асари  густариши корона  ба таҳсили фарзандони онҳо дар донишгоҳҳо таъсир гузоштааст
    Коҳиш ёфтани даромади муҳоҷирони меҳнатӣ бар асари густариши корона ба таҳсили фарзандони онҳо дар донишгоҳҳо таъсир гузоштааст

Роҳбарияти як қатор донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон таҳдид кардаанд, ки дар сурати пардохт накардани маблағи таҳсил донишҷӯёнро ихроҷ мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, теъдоди зиёде аз донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ва омӯзишгоҳи пизишкии шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, ки ба далели нотавонӣ дар пардохти маблағи таҳсили соли таҳсилии ҷорӣ аз ширкат дар имтиҳонот маҳрум шуда дар остонаи ихроҷ қарор гирифтаанд.

Маблағи  як соли таҳсил дар омӯзишгоҳи пизишкии шаҳри Кӯлоб барои ҳар донишҷӯ 2 ҳазору 400 сомонӣ аст, ки ба далели густариши вируси корона ва коҳиши даромади ирсолии волидайн аз Русия акнун пардохти ин ҳазина ғайримумкин шудааст.

Насимҷон Абдумӯминзода муовини омӯзишии Донишгоҳи Давлатии Миллӣ Тоҷикистон мегӯяд: «Ба донишҷӯён 3 моҳ фурсат дода шуд то пули таҳсилии худро пардохт кунанд, аммо теъдоде аз онон муваффақ ба анҷоми ин таъаҳҳуди худ нашудаанд. Агар ин маблағ ба ҳисоби донишгоҳ вориз нашавад мо наметавонем маоши моҳонаи устондони донишгоҳро пардохт кунем.»

Мудири омӯзишгоҳи пизишкии шаҳри Кӯлоб Зубайдуллоҳ Азиззода гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз 3 ҳазору 800 донишҷӯи ин марказ 20 дарсад тавони пардохти пули таҳсилро надоранду бар асоси шартнома ихроҷ хоҳанди шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар марокизи донишгоҳӣ ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон 277 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки 166 ҳазор нафар аз онон бояд пули таҳсилро пардохт кунанд.

Бар  асоси шартномаи дуҷониба дар сурати пардохт нашудани маблағи таҳсил мудирияти донишгоҳҳо метавонанд донишҷӯёни қарздорро ихроҷ кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп