Декабр 29, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • 29 декабри 2020 пойинтарин омори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд
    29 декабри 2020 пойинтарин омори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

Бо шиносоии 28 мавриди тозаи ибтило ба вируси корона дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир, шумори беморони коронаӣ дар ин кишвар то соати 19 рӯзи сешанбеи 29 декабри соли 2020 ба 13 ҳазору 265 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар Тоҷикистон низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қаблӣ аст.

Аз 13 ҳазору 265 бемори гирифтори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 763 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 37 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Шиносоии 33 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон

Маркази ҳамоҳангии иттилооти Ковид - 19 дар Тоҷикистон таъсис мешавад

Барчасп