Январ 04, 2021 20:57 Asia/Dushanbe
  • Корона сабаб шуд, ки дар бахши даромади буҷети соли 2020 Тоҷикистон бознигарӣ шавад
    Корона сабаб шуд, ки дар бахши даромади буҷети соли 2020 Тоҷикистон бознигарӣ шавад

Тоҷикистон барои бахши беҳдошту дармони худ дар шароити коронаӣ ду баробар манобеи таъйиншуда дар буҷети соли 2020 харҷ кардааст.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, бар асоси омори Вазорати молияи Тоҷикистон аз ибтидои соли 2020 то поёни ноябр барои бахши беҳдошту дармони ин кишвар як миллиарду 800 миллион сомонӣ харҷ шудааст, ки ду баробар аз манобеи таъйиншудаи буҷети он сол бештар аст.

Густариши вируси корона муҷиб шуд, ки дар бахши даромади буҷети соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон бознигарӣ шавад, аз ин рӯ бахши даромади буҷет 2, 5 миллиард сомонӣ коҳиш ёфт.

Ҳамчунин касрии буҷети соли 2020 Тоҷикистон ба ҷойи 350 миллион сомонии пешбинишуда ба 3 миллиарду 100 миллион сомонӣ расид, ки барои ҷуброни он ҳукумати Душанбе маҷбур шуд бахше аз захоири тилои хешро бифурӯшад ва аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ низ кумак бигирад.

Бар ин асос Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон 189 миллион доллар кумаки молии бидуни суд ва Бонки Рушди Осиё 102 миллиону 100 ҳазор доллар ихтисос дод.

Душанбе аз Сандуқи субот ва рушди АвруОсиё низ 50 миллион доллар кумак дарёфт кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп