Январ 15, 2021 22:29 Asia/Dushanbe
  • Хабари шикаста шудани садди нерӯгоҳи Қайроққум рӯйи Сирдарё бисёреро дар Узбакистон ҳаросон кард
    Хабари шикаста шудани садди нерӯгоҳи Қайроққум рӯйи Сирдарё бисёреро дар Узбакистон ҳаросон кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мавқеиятҳои изтирории Узбакистон хабари тахриби садди нерӯгоҳи Қайроққум дар вилояти Суғдро беасос унвон карданд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, ба дунболи интишори хабаре дар бораи вайрон шудани садди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, сокинони ноҳияҳои Сардоба, Мирзообод ва Оқолтини вилояти Сирдарёи Узбакистон дар атрофи Тошканд аз тарси эҳтимоли ҷорӣ шудани оби ин сад ба суръат аз хонаҳои хеш хориҷ шуданд ва дар роҳҳои иртиботӣ низ роҳбандони шадид эҷод шуд.

Аммо мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ва Вазорати мавқеиятҳои изтирории Узбакистон ба таври ҳамзамон бо интишори баёнияҳои ҷудогона ин хабарро такзиб карданд ва аз сокинони манотиқи ёдшуда хостанд, ки ба хонаҳои хеш баргарданд.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки садди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум фаъолияти худро бар асоси муқаррароти таъйиншудаи эминӣ ва зистмуҳитӣ идома медиҳад ва ҳеч иттифоқе наафтодаву нигарониҳо аз тахриби садди он беасос аст.

Садди нерӯгоҳи обии Қайроққум 63 сол қабл барои таъмини барқи сокинони вилояти Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи заминҳои кишоварзии Узбакистону Қазоқистон дар фаслҳои баҳору тобистон рӯйи рӯдхонаи Сир сохта шудааст ва дар ҳоли ҳозир бозсозии таҷҳизотии он идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп