Январ 16, 2021 22:36 Asia/Dushanbe
  • 6-умин рӯзи паёпаи бекорона дар Тоҷикистон

Теъдоди гирифторон ба Ковид 19 дар Тоҷикистон ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин аст

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳеч бемории ҷадиди Ковиди 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашуда ва вазъияти коронаӣ дар кишвар ҳамчунон сафед аст.

Бар ин асос теъдоди мубталоён ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи шанбе 16 январ бидуни тағир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониёни Ковиди 19 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.

Аз 5 то 16 январ танҳо рӯзи даҳум 3 мавриди ҷадиди Ковиди 19 ба сабт расид.

Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 13 ҳазору 218 нафар беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп