Январ 17, 2021 19:43 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба лиҳози тавони низомӣ охирин кишвари Осиёи Марказӣ аст
    Тоҷикистон ба лиҳози тавони низомӣ охирин кишвари Осиёи Марказӣ аст

Ширкати байналмиллалии Global Firepower бо арзёбии тавони низомии нерӯҳои мусаллаҳи ҷаҳон дар соли 2020, Тоҷикистонро дар миёни 138 кишвари ҷаҳон дар радаи наваду нуҳум қарор дода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , ҳамчунин бар асоси ин арзёбӣ Тоҷикистон ба лиҳози тавони низомӣ охирин кишвари Осиёи марказӣ аст.

Тоҷикистон дар нерӯҳои мусаллаҳи худ 9 ҳазор афсару сарбоз ва 79 миллион доллар буҷети низомӣ дорад.

 Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчунин бо 20 чархбол , 253 танк , 400 худрави зиреҳӣ , 80 туп ва 125 сомонаи оташбор муҷаҳҳаз аст.

 Бар асоси ин радабандии ҷаҳонӣ , Узбакистон бо 50 ҳазор низомӣ ва 15 миллиард доллар буҷети солонаи бахши дифоӣ дар ҷойгоҳи 51 ҷаҳонӣ ва тавонмандтарин қудрати низомии Осиёи марказӣ аст.

 Ҳамчунин Қазоқистон бо 125 ҳазор низомӣ ва 4 миллиард доллар буҷети дифоии солона дар радаи 62 ҷаҳонӣ ва дувумин кишвари тавонманди низомӣ дар Осиёи марказӣ қарор дорад.

 Ҳамчунин Туркманистон дар ҷойгоҳи 88 ҷаҳонӣ ва Қирғизистон дар ҷойгоҳи 93 ҷаҳонӣ ба тартиб сеюмин ва чаҳорумин кишварҳои қудратманди низомӣ дар Осиёи марказӣ ҳастанд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп